(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

alt Дар ширхоргоҳ-кўдакистони №20-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави иҷрои барномаҳои рушди илмҳои дақиқ машғулияти намунавии муштарак аз саводомўзӣ ва ташаккули оддитарини амалҳои математикӣ баргузор гардид.

Машғулият аз ҷониби мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Тахмина Камолова бо истифода аз айёниятҳо, аз қабили рақамҳо, шаклҳои геометрӣ, варақаҳои санҷишӣ, ҳарфҳо ва намоиши слайдҳо бо маҳорати баланд гузаронида шуд.

Дар раванди машғулият шеъру чистон ва суруду таронаҳои мавзун аз ҷониби тарбиятгирандагон манзур карда шуд.

Таъкид гардид, ки машғулияти намунавӣ бо мақсади тарбия намудани кўдакон дар рўҳияи ватандўстиву меҳанпарварӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳифз ва муқаддас донистани забони давлатӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, бедор намудани кӯдакон баҳри омўзиши илмҳои дақиқ ташкил гардид, ки он барои пурра омода шудани тарбиятгирандагон ба мактаб мусоидат хоҳад намуд.

Машғулият аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассисаи томактабӣ мушоҳида ва баҳогузорӣ карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд