(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маросими ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ғолибони мусобиқоти навъҳои гуногунро оид ба дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид ёфта, аз ҷумла дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидааст: «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, субботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистони арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.»

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ғолибони мусобиқоти навъҳои гуногун оид ба дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд” эълон гардид.

Ҳамин тавр, аз намуди бозии шоҳмот байни духтарон Сафияхон Музаффарова мақоми аввал, Нуринисо Раҳимова ҷои дуюм ва Фарангис Болтуева зинаи сеюмро ба даст оварданд. Байни писарон аз руйи намуди шоҳмот Даврон Каримов, Амир Икромов ва Фирдавс Раҳмонова мутаносибан мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Аз рўйи намуди заврақронӣ байни духтарон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Снежана Гостева, Гузал Салимова ва София Муъминова ба даст оварданд. Ғолибони ин мусобиқа байни писарон дар масофаи 1000 метр Саидилҳом Назиров, Хуршед Абдуғаниев ва Асрор Аҳроров муайян шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон аз намуди тирапарронӣ байни духтарон Нозанин Турсунова, Мижгона Ашўрова ва Меҳрона Шамсиева ва байни писарон Илҳом Каримов, Абдумалик Очилов ва Далер Давронзода ғолиб дониста шуданд.

Аз намуди волейбол ва футбол байни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Ба ғолибон Ҷом ва диплом ва ба бознгарону доварони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд