(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТУҒ "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи ҷавонон чорабинии бошукуҳи идона таҳти унвони "30 сол-ҳамсоли Истиқлол" бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабиниро сарвари муассиса Матлуба Муинова ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулххоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.Ҷавонон бошанд, қувваи пешбаранда, созанда ва фаъоли ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-бадеии театрикунонидашуда "Таърих гувоҳ аст' бо композитсияи бадеии суруди "Ватан", бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони Истиқлол, рақсу сурудҳо ва саҳнаҳои ҷолиби диққат дар мавзуи Ватану ватандорӣ, мактаб ва ҷавон бо маҳорати хосса пешкаши ҳамагон карда шуд. Ҳамчунин, дар охир дар зери партавафшонии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии ҷавонон шунида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва дигарон иштирок намуда, ба чорабини файзу футуҳи тоза бахшиданд.

Иштироки санъаткори мумтоз Толиб Исмоилов чорабиниро рангину ҷаззоб намуд.

Дар охир таҳти суруди "Ҷавонӣ" хатмкунандагон аз ҷониби муассиси муассисаи таълимии "Гулчини маърифат" Мақсуд Зиёбоев бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу дўстӣ, ифтихори миллӣ ва ватандорист, басо хушу хотирмон гузашт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд