(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади тарғиби ғояҳои Истиқлолият, арҷ гузоштан ба Истиқлолияти давлатӣ, ифтихор аз ватандорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ дар кўдакистони №16-и шаҳри Хуҷанд дарси хештаншиносӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-Ватанам» баргузор гардид.

Кўдакон бо қироати шеъру суруд ва гуфторҳо дар бораи Тоҷикистон, Истиқлолият, Ватан, миллат, сарватҳои табиӣ, ифтихороти миллӣ, Ваҳдат ба чорабинӣ шукуҳ бахшиданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибихтиёр аст, самараи неки Истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулххоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омўзиши сулххоҳони ҷаҳон гашта, боисти ифтихори ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассиса ба чорабинӣ иштирок намуда, баргузории чунин дарсҳои хештаншиносиро муфид арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд