(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд мерасонем, ки бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 23-юми майи соли равон соати 18:00 дар саҳни театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ситораҳои намоёни эстрада, аз ҷумла Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Зулайхо Маҳмадшоева ва дигар ситораҳои маъруфи суғдӣ аз ҷумла: Гуласал Пӯлотова, Дамирбек Олимов, Фарангиси Дунё, Дилноза Каримова, Нодирабегим Усарзода ва ҳунармандони ҷавони ансамбилҳои созию овозии "Садои Суғд" Кохи Рӯдакӣ, ва Кохи Суғдиён" чорабинии калони идона баргузор мегардад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд