(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо мақсади тарбияи зебоипарастӣ, тарғиби маърифати экологӣ, ташаккули дўстдории табиат дар ниҳоди кўдакон дар МТТ №12-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти кушод таҳти унвони «Манзараи баҳор дар кўҳсор» ташкил ва баргузор карда шуд.

Мураббияи гуруҳи омодагӣ М. Мақсудова ба мактаб ба воситаи аёният аз ҷмла дарахти мевадор, парандахои зинда, расми баҳор дар кўҳсор, овози мусиқи ва дигар манзараҳои зебои диёр шавқи кўдаконро ба табиати биҳишососи Тоҷикистон бедор намуда, баҳори кўҳистонро бо маҳорати баланд бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълиму тадрис пешниҳод намуд.

Кўдакон бо ҳиссиёти баланд дар раванди машғулият тарзи дурусти тасвири гулҳои баҳориро омўхтанд ва ба зебоии табиат баҳо доданро азбар намуданд. Дар васфи табиат, маконҳои биишстосои Тоҷикистон шеъру сурудҳо сароида шуд.

Намояндаи шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №12 ба раванди баргузории машғулияти кушод мароқ зоҳир намуда, ба сифату тарзи пешниҳоди он баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд