(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Хуҷанди бостонӣ ба шарофати шаҳри қадима буданаш машҳури ҷаҳон гаштааст. Ин «Шаҳри офтобӣ», ки ҳамзамон «Арӯси ҷаҳон» меноманд, бо нобиғагони классики худ, орифону файласуфон ва ҳунармандону заҳматкашон ном баровардааст. Шаҳри Хуҷанд, ки таърихи қадима дорад, муаррифгари бисёр мавзеъҳои муқаддас мебошад. Яке аз мавзеъҳои қадима Қалъаи Хуҷанд ба шумор рафта, ба ҳусни шаҳр зинати иловагӣ мебахшад. Қалъаи мазкур қисми таркибии шаҳри Хуҷанд буда, калонтарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Тибқи сарчашмаҳои мӯътамад таърихи он тақрибан 3000 солро дар бар мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд шинос гардиданд.

Боиси зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳудуди қалъа, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, эҳё гардида истодааст.

Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам қалъа дорои таърихи бой буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

Агар ба ҳадду ҳудуди Қалъаи Хуҷанд таваҷҷӯҳ кунем, маълум мешавад, ки қалъа 6,3 гектарро дар бар мегирад. Умуман, девори тамоми шаҳрро ба назар гирем, 7 дарвоза дошту он зиёда аз 20 гектарро доро аст. Бозёфтҳое, ки дар ду соли охир, яъне солҳои 2019-2020 ба даст омаданд, қариб 1000 ададро ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани таърихи бойи халқи тоҷик ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонон дар ин мавзеъ бинову иншооти зебо бо унсурҳои милливу меъморӣ бунёд гардида истодаанд. Дар ин ҷо тамоми меъёрҳои сохмон ба назар гирифта шуда, ба талаботи қалъадорӣ равона гардидааст.

Тибқи нақша корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешавад.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати риояи пурраи унсурҳои таърихӣ дар вақти иҷрои корҳо, бо тарҳу ороиши хоса бунёд намудани иншооти ҳудуди қалъа ва ба мавзеи нотакрори сайёҳӣ табдил додани он дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд