(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомоти Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд қуттиҳои партови нуқтаҳои партов дар шаҳр марҳила ба марҳила таҷдид карда мешаванд.

Ин амали шоиста аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ки муассисаи коммуналии шаҳр ба ҳисоб рафта ва барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳр масъул аст, роҳандозӣ шуда истодааст.

Субҳи имрўз дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Гагарин, Фирдавсӣ ва ғайраҳо беш аз 30 адад қуттиҳои нав ҷойгир карда шуданд, қуттиҳои фарсудашуда баъди таъмиру ва рангубор ба дигар нуқтаҳои партов монда мешаванд.

Аз оғози соли ҷорӣ аллакай дар як қатор кўчаҳои шаҳри Хуҷанд, дар мавзеъҳои партовгузорӣ наздик 90 адад қуттиҳо нав карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, ҳамарўза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо гирифта мешаванд. Ҳамзамон тибқи реҷаи махсус ин мавзеъҳо безарар гардонида мешаванд.

КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 31 адад нақлиётҳои партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро саривақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо вуҷуди мушкилоти пешомада, КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода ва ороста нигоҳ доштани шаҳри бостонии Хуҷанд аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.

Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, партовҳои хешро дар ҷойҳои муқараршуда дар вақти пешбинигардида бароранд.

Мо ҳамагон дар тозагии шаҳр ва муҳити хуррами он ҳиссагузорӣ намуда, дар якҷоягӣ шаҳрамонро ободу тоза намоем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд