(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ баргузор гардид.

Тазаккур бояд дод, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ин пеш аз ҳама тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллии онҳо ва ҳидоят намудани онҳо дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.

Зимни баргузории мизи мудаввар олимону муҳаққиқони ҷавон бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуда, доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва арҷгузории онҳо нисбат ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Дар охир як зумра ҷавонони фаъол, ки баҳри татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда гузошта, дар самти илмомӯзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд