(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд баҳри татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нишондодҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040», барномаҳои омўзиши забони русӣ ва давлатӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанҳои математика, забони русӣ ва забони давлатӣ олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки даври аввали он дар муассисаҳои таълимии шаҳр сурат гирифта, дар он беш аз 2500 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар даври ниҳоии он, ки дар МТМУ №6 сурат гирифт, 109 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуданд.

Аз ҷараёни баргузории олимпиада мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева боздид намуда, барои шаффоф ва озодона баргузор гардидани он ба масъулини дахлдор дастур дод.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин олимпиадаҳо байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат назир надорад, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони қобилиятнок, тарғиби забони давлатӣ, таваҷҷуҳ ба забономўзӣ, ҷалб ва омода намудани хонандагон болаёқат ба дигар навъ олимпидаҳо ва ғайраҳо мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд