(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки оилаҳои намунавии ҳамзистии аз 1 то 60 сола бахшида ба Рўзи байналмилалии Оила маҳфил баргузор гардид.

Сардори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Фирўза Раҳимӣ маҳифлро ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла таъкид дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдориву устувории оилаҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳои оилаву оиладорӣ, ҳифзу ҳимояти оила ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ , баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладории насли наврасу ҷавон пайваста тадбирҳои муҳим андешида шуда истодааст. Ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Таъкид шуд, ки ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории он, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар, зоҳир намудани масъулияти баробари аъзои оила дар ташаккул ва таъмини ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо манфиатдор мебошад.

Сипас номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рўзи Оила аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси масъулияти баланди аъзои он, ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад. Мақоми оила баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ, оилаҳои ба мисоли садди искандарӣ пойдору нерўмандро фақат наслҳои рустамсифати филтан ва ба сони Гурдофарид соҳибҷамолу таҳамтан созмон доданашон мумкин асту бас. Оре, аз падарону модарон ва тифлакони зебою солеҳи эшон солимии оила таъмин мешавад ва мутаносибан аз оилаҳои комгору саодатманд иморати ҷомеаи мутамаддин қомат меафрозад. Ин нуктаи муҳимро мактаби бузурги зиндагӣ собит кардааст!». Воқеан ҳам, таъмини солимии се сарҳалқаи бунёдии рўзгори башарият - Инсон, Оила ва Ҷомеа амри иҷропазир аст».

Зикр гардид, ки оила маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ метавон беҳтарин анъанаю одатҳро идома дод ва худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарбияи хуби фарзанд, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Сипас аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил доир ба фарҳанги оиладорӣ, сабру таҳаммул дар раванди зиндагӣ, комёбиҳо тавассути таҳаммулпазирии якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд