(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ширхоргоҳ-кўдакистони № 27-и шаҳри Хуҷанд машғулияти тарбиявӣ таҳти унвони "Тоҷикистон-кишвари озоди ман" бахшида ба 30 солагии Истиқлолият баргузор гардид.

Мураббияи гуруҳи омодагӣ ба мактаб Гулшаной Пардаева бо мақсади ташаккули тасаввуроти кўдакон дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти шавқовар роҳандозӣ намуда, ба тарбиятгирандагон доир ба мафҳумҳои муқаддаси Истиқлолият, Ватан, Озодӣ, Миллат маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сами рушди давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии халқ бо мақсади ташаккул ва ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва ғайраҳо маълумот дод.

Дар ҷараёни машғулият шавқу завқи кўдаконро доир ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, идҳои ҷамъиятию сиёси ва моҳияти онҳо ҷалб намуда, ба воситаи роҳандозии усули муосири таълиму тарбия ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши кўдакон дар бораи бойигариҳои табиӣ , бедор кардани тарбияи хештаншиносиӣ ва ватандўстӣ дар кўдакон азм карда шуд.

Кўдакон бо шавқу завқ машғулиятро гузарониданд, ки дар натиҷа ҳисси миллӣ ва хештаншиносиашон ба Ватану сарзамини аҷдодияшон боз ҳам бештар шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд