(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли адабу санъат бахшида ба рўзи Шашмақом чорабинӣ баргузор гардид. Нахуст номаи табрикотии Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят ва Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ироа гардид.

Таъкид шуд, ки Шашмақом дурдонаи фарҳанги мусиқии классикии халқи тоҷик, намунаи баландтарини ангезаи мусиқии миллии тоҷикон мебошад. Дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол Шашмақом ҷойгоҳи шоистаро доро мебошад. Ин аст, ки соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлили ин санъати воло – Рўзи Шашмақом ба ҳукми анъана даромад. Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанги кишварамон пайваста рушд ёфта, тамоюл ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, санъату мусиқӣ, эҷодиёти бадеии халқ, ки аз қаъри қарнҳо сарчашма мегирад, торафт бештар мегардад, зеро ҳар кишварро бо фарҳанги қадимаву пешрафтааш мешиносанду баҳо медиҳанд. Зикр гардид, ки шоҳасари мусиқии халқи тоҷик Шашмақом садсолаҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, давоми қарнҳо аз насл ба насл ҳамчун мероси беназир расидааст. Имрўзҳо низ ансамбли шашмақомхонон дар тарѓибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ин санъати бебаҳо хизмати босазо менамоянд.

Сипас ба як қатор шашмақомхонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи фарҳангии шашмақомсароён ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд