(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТАҲКУРСИИ БИНОИ ОИЛА УСТУВОР БОШАД

Ҳамшаҳриёни азиз!

Кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рўзи байналмилалии оила аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод намуда, таманно дорам, ки хишти бинои оила устувор ва мустаҳкам гузошта шавад.

Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумўи миллат номидаанд. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси масъулияти баланди аъзои он, ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеи муҳим дорад.

Мақоми оила баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хоса дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад. Дар навбати худ, оилаҳои ба мисоли садди искандарӣ пойдору нерўмандро фақат наслҳои рустамсифати филтан ва ба сони Гурдофарид соҳибҷамолу таҳамтан созмон доданашон мумкин асту бас. Оре, аз падарону модарон ва тифлакони зебою солеҳи эшон солимии оила таъмин мешавад ва мутаносибан аз оилаҳои комгору саодатманд иморати ҷомеаи мутамаддин қомат меафрозад. Ин нуктаи муҳимро мактаби бузурги зиндагӣ собит кардааст!». Воқеан ҳам, таъмини солимии се сарҳалқаи бунёдии рўзгори башарият - Инсон, Оила ва Ҷомеа амри иҷропазир аст.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Оила рукни муҳими давлатдорӣ буда, давлат ҳамаҷониба ба устувории он, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар, зоҳир намудани масъулияти баробари аъзои оила дар ташаккул ва таъмини ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо манфиатдор мебошад.

Оила маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ метавон беҳтарин анъанаю одатҳро идома до два худшиносии миллиро дар дили аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҷойгир намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими оила, тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарбияи хуби фарзанд, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Бигзор, Рўзи байналмилалии оила ба солимӣ, рушду нумўъ, таҳкиму пойдории оилаҳо мусоидат намояд ва давлатамон тавоною миллатамон сарбаланду пойдор, фарзандонамон солиму некбахт бошанд!

Рӯзи гиромидошти оила муборак, ҳамдиёрон!