(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи улуми байналхалқии мактабҳои олӣ, профессор, Профессори фахрии Донишгоҳи Техас Абдушукур Назаров рафта, мавсуфро аёдат ва бо фарорасии 77-умин рўзи милодаш табрику таҳният намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотии хеш аз хизматҳои профессор Абдушукур Назаров тавсиф намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар синни 28 - солагӣ ҳимояи рисолаи номзадӣ ва расо баъд аз даҳ сол ноил шудан ба унвони доктори илмҳои иқтисод худ гувоҳи талошу заҳматҳои бесобиқаи устод мебошад. Мавсуф наздики 190 рисола, асарҳои фундаменталӣ ва мақолаҳои арзишмандро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз хоки он ба чоп расонидааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Абдушукур Назаров дар синни 18 – солагӣ донишҷӯи шуъбаи кибернетикаи иқтисодии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов гардид. Он солҳо ва ҳоло низ на ҳар ҷавон ба чунин муассисаи рақами яки даврони шӯравӣ дохил шуда метавонист. Масъулияти баланд, дониши хуб, забондонӣ, муоширату одоби ҳамида ва муҳимтар аз ҳама, аз худ қаноатманд нашудан Абдушукур Назаровро ба сӯйи пешравию комгорӣ ҳидоят мекард. Роҳи илмро пеша кардани мавсуф дари ганҷи илмро барояш кушода намуд. Солҳои 1969 – 1972 аспирантураи Пажӯҳишгоҳи иқтисодию математикии АУ Иттифоқи Шӯравиро дар шаҳри Маскав бо муваффақият хатм карданд. Фаъолияти кории хешро Абдушукур Назаров чун мутахассиси варзида ва кордон якбора аз роҳбари шуъбаи банақшагирии оптималӣ ва идоракунӣ, бахши иқтисодиёт ва сотсиологияи меҳнати Пажӯҳишгоҳи иқтисодии АУ ҶТ оғоз карданд. Дертар ба ҳайси роҳбари шуъбаи «Ҳосилнокии меҳнат»-и бахши тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнати Кумитаи оид ба меҳнати Иттифоқи Шӯравӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва информатика, менеҷмент ва соҳибкорӣ, ташкилкунандаи комплекси аудиовизуалии компютерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкории бахши хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият бурданд.

Қариб 5 сол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ фаъолият бурда, минбаъд ба донишкадаи азизи худ баргашт ва наздики 20 сол мешавад, ки ба шогирдон аз фанни иқтисод дарс мегӯяд.

Тӯли ин солҳо чун роҳнамову маслиҳатдеҳи устодони ҷавон дар баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш, тарбияи мутахассисони варзида саҳми калон мегузоранд.

Профессор Абдушукур Назаров дар бадали зиндагӣ соҳиби 8 ҳазор нусха китоб гардид ва бо мадади фарзандонаш ба бунёди китобхонаи беназире нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа камар баст. Ин ганҷинаи шоҳвор, ки дар арафаи таҷлили 70-солагии устод дари худро ба рӯйи дўстдорони дониш боз намуд, номи «Китобхонаи Шайх Муҳаммад Султон Маъсумии Хуҷандӣ ва профессор Ҳоҷӣ Абдушукур Абдураҳимович Назаров»-ро дорад.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи улуми байналхалқии мактабҳои олӣ, профессор, Профессори фахрии Донишгоҳи Техас Абдушукур Назаров барои таваҷҷуҳи доимӣ ба собиқадорон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд