(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар назди муҷассамаи азнавсозишудаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 76 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии тантанавӣ, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Эмомалӣ Собирзода, Раиси шаҳри Хуљанд Фирдавс Шарифзода, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниро расман ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии 76 умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт. Зикр кард, ки гузашти вақт ҳар қадар моро аз солҳои душвори ҷанг дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният равшантар мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин санаи фаромӯшнопазири таърихро дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи банӣ башар чунин баён намудаанд: «Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мар думи олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд». Бояд гуфт, ки набардҳои хунини солҳои 1941-1945 ба ҳар як хонадони сокинони вилоят таъсири ҷуброннопазир гузошта, садҳо ҳазор ҷавонмардонро, ки дар ҷангҳои пурфоҷеа ширкат намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд, ба коми худ фурӯ кашид. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки номи неку корномаи ин ҷавонмардон дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва таҷлили мутантани Рӯзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва ёдоварии онҳоест, ки барои пирӯзӣ ва ҳифзи Ватан садоқатмандона ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ҷониби дигар, корномаи падарони қаҳрамон ва онҳое, ки бо сари баланд аз майдони ҷанг баргаштанд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта барои имрӯзиён ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад. Дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳони имрӯз ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ масоили ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати байни миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ бояд дар мақоми аввал қарор дода шавад. Баробари ин, бо ифтихору эътимод гуфта метавонем, ки дар соли таърихии омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон чун идомадиҳандагони анъанаҳои нек, бо баҳрагирӣ аз корномаҳои гузаштагони ватандӯсту шуҷои хеш дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша омода мебошанд.

Генерал - лейтенант Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст. Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Барои ҳамин мардуми сулҳдӯсти кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол нӯҳуми майро ҳамчун санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ таҷлил мекунанд.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Эмомалӣ Собирзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов ва ҳайати ҳамроҳонашон бо мақсади арҷгузорӣ ба шаҳидони ҶБВ бар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузоштанд. Иштирокдорони чорабинии тантанавӣ низ бо гузоштани гулчанбарҳо хотираи шаҳидони ҶБВ шод намуданд.

Гузашти низомии аскарону афсарон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд