(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд чорабинии адабӣ-фарҳангӣ дар доираи ҳафтаи "Поси хотир" таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад" бо ҳузури намояндагон аз ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионии "Сипари сулҳ" Фахриддин Ахмедов, Эҳсон Муҳиддинов, Раззоқ Ҷӯраев, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, маъмурияти муассиса, хонандагону омўзгорон ширкат намуданд.

Хонандагон дар васфи сулҳу Ваҳдат шеъру суруд хонда, бо намоиш додани саҳначаҳои ҷолиб аз таърихи пур аз даҳшати ҶБВ солҳои 1941-1945 ёдоварӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд. Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.

Зикр гардид, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст. Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кӯмак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд. Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд