(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа ифтихори эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов оғоз бахшида, баён дошт, ки дар доираи ҳафтаи Рӯзи илми тоҷик дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, ки имрӯз он дар конференсия натиҷагирӣ карда мешавад.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада ҳарф зада, зикр намуд, ки дар донишкада дар самтҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босурати мамлакат, самаранок истифодабарии барқ ва технологияҳои коммуникатсионӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ корҳои илмию тадқиқотӣ иҷро карда мешавад. Тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ яке аз вазифаҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад. Танҳо дар зарфи 5 соли охир дар донишкада 23 рисолаҳои номзадӣ, 3 рисолаҳои докторӣ ҳимоя шудааст, ки 70%-и онҳо ба самти илмҳои дақиқ ва техникӣ равона шудааст. Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ 1 рисолаи докторӣ аз тарафи Наим Рашидов ва 2 рисолаҳои номзадӣ аз тарафи омузгорон Мазбут Холиқов ва Богдан Левандовский ҳимоя карда шудааст. Дар соли 2020 ва 4 моҳи соли 2021 аз ҷониби омӯзгорон, докторантон ва муҳақиқони ҷавони донишкада зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 10 мақолаҳои сатҳи байналхалқии СКОПУС, 120 мақолаҳои, дар нашрияҳои тақризшавандари КОА ФР ва ҶТ, 8 монографияҳо нашр гардидаанд. 6 шаҳодатномаҳои зёҳнӣ ва нахустпатентҳо ба даст оварда шуда, 10 санадҳои татбиқи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот гирифта шудааст.

Сипас ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани “Ҷоми Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”, даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, фестивали ҷумҳуриявии муд-2021 “Аз Наврӯз то Наврӯз”, олимпиадаи байналхалқии “Электротехника -2021”, “Ихтироъкорон” ва устодоне, ки шогирдонашон дар афзуннамои дастовардҳои донишкада саҳм гузоштанд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада қадршиносӣ гардиданд.

Дар идомаи кори конференсия маърӯзаҳои илмии коромӯзи кафедраи математикаи олӣ ва информатика Нилуфар Бобоҷонова, дар мавзӯи “Баланд бардоштани самаранокии корҳои мустақилонаи назоратшавандаи донишҷӯён дар машғулиятҳои математикаи олӣ дар шароити низоми кредитии таҳсил”, сармутахассиси Раёсати амнияти бехатарии озуқавории вилояти Суғд, номзади илмҳои биологӣ Камолов Н.Ш. дар мавзӯи “Таҳлили истеҳсоли маҳсулоти чорводорию паррандапарварӣ ва ҳалли муамоҳои ҷойдошта дар самти рушди соҳа”, магистранти курси 2 – юми Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон Ёқубов Ф дар мавзӯи “Роҳҳои сарфа намудани нерӯи барқ дар манзили истиқоматӣ”, магистранти курси 1 - уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Баҳронова С.Б. дар мавзӯи “ Воздейств глобализационных процессов на деятельность кредитных организаций”, докторанти курси 1 –уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Нугманов Н дар мавзӯи “Алгоритмы искуссвенного интеллеккта в цифровой экономике”, магистранти курси 1 –уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Насруллоев У дар мавзӯи “Типовые схемы конфигураций СЭС на основе возобновляемых источников энегии на примере Согдийской области” шунида шуд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои “Саноатикунонии босуръати мамлакат, фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ҳамчун омилҳои рушди устувори иқтисодиёт”, “Нақши сохтмон, нақлиёт ва энергетика дар рушди иқтисодиёти миллӣ”, “ Нақши соҳаи хӯрока ва кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ”, “ Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ” ва “Масъалаҳои мубрами забон ва улуми ҷомешиносӣ”беш аз 70 мақолаҳои устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён шунида шуд.

Конфернсия дар сатҳи баланди ташкилӣ ба кори худ анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд