(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолони шаҳр, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохўрӣ баргузор гардид.

Мулоқот ва чорабинии иттилоотию маърифатӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18.04.2020, №274 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID - 19» буд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Фармони мазкур оиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии ғайриқонунӣ дар қаламарави Федератсияи Россия қарордошта тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Ба чорабинии доиргардида сардори Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муъминҷон Рустамзода, сардори Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Файзалӣ Азимов, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Диловар Муродов ва дигарон иштирок намуданд.

Ба кори чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ифтитоҳи расмӣ бахшида, суханро ба сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова дод. Номбурда доир ба чорабиниҳои иттилоотие, ки то имрўз дар шаҳри Хуҷанд гузашта истодаанд, маълумоти муфассал дод.

Сардори Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Файзалӣ Азимов мазмуни қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” ва № 1652 дар бораи авфи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод.

Сипас сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Диловар Муродов вобаста ба шарҳу тавзеҳи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18.04.2020, №274 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID - 19» маълумот дод. Дар ин радиф, дар симои иштирокчиён аз шаҳрвандони айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарордоштаи кишвар, ки бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштаанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, ҳатман ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷирати ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд. Агар ҳамдиёрони мо буду боши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ҳусни анҷом бахшида, таъкид дошт, ки чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд