(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲар рўзатон Наврўз бод!

ФАЗОИ НЕК АЗ ИТТИЛООТИ РАДИО ВА АЛОҚА

Ҳамшаҳриёни арҷманд, собиқадорон ва кормандони воситаҳои алоқа, хабарнигорон ва алоқамандони радиои тоҷик!

Ҳамаи шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи кормандони воситаҳои алоқа ва радио табрик менамоям. Ба якояки шумо саломатии комил, пешравии кор, муваффақияту барор, табъи болидаю хонадони обод таманно карда, умедворам, ки минбаъд низ ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони маҳбуб заҳмат хоҳед кашид.

Алҳол, дар вазъияти ҷаҳонишавии босуръат тараққиёти ҷомеаро бе алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир тасаввур кардан номумкин аст. Аз ин лиҳоз, дар саросари кишвар дар радифи даҳҳо рўзномаю маҷалла, радиою мавҷҳои озоди иттилоотрасонӣ пурсамар фаъолият бурда истодаанд. Дар шаҳри Хуҷанд низ кормандони радиову васоити алоқа фаъолияти худро мувофиқи матлаб ба роҳ монда, дар хидмати мардум қарор доранд. Онҳо бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона инъикос намуда, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, хосатан, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми босазо мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ, истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят менамоянд.

Дар ин рўзи неку фархунда ба кормандони радиою алоқа, собиқадорони соҳа ва ҳамаи шунавандагону истифодабарандагони васоити алоқа барору музаффариятҳои нав ба нав орзу менамоям. Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи алоқа ва радио!