(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар толори Идораи нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти андоз баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода кормандони андозро бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки ҳеҷ як кишвари дунё бе пайванди мустақим бо сиёсати андозбандӣ ва андозситонӣ вазифаи пур кардани хазина ё қисмати даромади буҷети давлатро дар амал татбиқ карда наметавонад. Намудҳои гуногуни андоз баробари пайдо шудани давлат ва сохторҳои бо он марбут ба миён омадаанд. Ҳар як давлат вобаста ба талаботи давру замонҳои гуногуни таърихӣ низоми андоз, тарзу қоидаҳо, намудҳои мухталиф ва меъёрҳои онро ҷорӣ мекард ва менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мақомоти андоз бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Роҳбари Давлат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кўшиш менамоянд.

Таъкид гардид, ки Нозироти андози шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ саҳми назаррас дошта, дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи қисми даромади буҷетро бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,3 % иҷро намуда, ба ҷои 147 миллиону 493 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 150 миллиону 926 ҳазор сомонӣ ворид намуданд, ки ин нишондиҳанда 3 миллиону 434 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд аст. Иҷроиши нақшаи андозҳо бошад (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар шаҳр ба ҷои 116 миллиону 639 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 119 миллиону 459 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 102,4%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем. Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз андоз вобастагӣ дорад ва давлат тавассути он сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиашро муназзам месозад. Бинобар ин, мақомоти андозро зарур аст, ки якҷо бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро дар самти ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, бештар ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ тақвият бахшанд.

Зикр гардид, ки ҷомеаи меҳнатии нозироти андози шаҳри Хуҷанд бояд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти маъмурикунонии андоз ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, такмили ихтисоси кормандони худ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малака ва сатҳи касбияташон тадбирҳои зарурӣ андешад. Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, кам кардани сарбории андоз, ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва боз ҳам соддаву сабук гардонидани ҷараёни андозсупорӣ, ки яке аз роҳҳои таъмини шаффофияти фаъолияти соҳа низ ба ҳисоб меравад, аз соли 2012 тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ҷорӣ карда шудааст, ки дар ин радиф кормандони Нозироти андози шаҳр низ фаъолияти хешро босамар ба роҳ мондаанд. Имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии «Утоқи шахсии андозсупоранда» андозсупорандагон эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод карда истодаанд.

Шаҳрдор афзуд, ки самараи саъю талош ва меҳнати кормандони Нозироти андози шаҳр мебошад, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳр рўз аз рўз вусъати тоза гирифта, тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохта ба истифода додани боз садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ ба назар гирифта шудааст, ки албатта амалӣ гардидани ҳамаи он ба кору фаъолияти пурмасъули кормандони мақомоти андози шаҳр вобастагӣ дорад.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми чорабинӣ барои эътимоду эътиқод ба ватандорию ободгарӣ ба якчанд нафар собиқадорону кормандони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Роҳбарияти нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд аз ин таваҷуҳ ва дастгирии доимии шаҳрдор изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки оянда низ баҳри иҷрои рисолати касбӣ ва ободии Ватани аҷдодӣ аз тамоми имконот ва василаҳо самаранок истфиода хоҳанд намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд