(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодааст.

Чунин як маҳфили ғояи худшиносиву худогоҳидошта бо иштироки тарбиягирандагони МТТ №1-и шаҳр баргузор гардид.

Маҳфил ҳамчун рамзи садоқат ва муҳаббат ба Ватан бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Сипас гуфтору суруд ва шеъру таронаҳои ҷолиб дар васфи Истиқлолият ироа гардид. Гуфторҳои таърихӣ ва сабақомўзи Истиқлолият пешниҳоди ҳозирин карда шуд. Саҳнаи ҷолиб низ намоиш дода шуд.

Дар маҳфил, маъмурият, намояндагони шуъбаи маориф ва мураббиён иштирок намуда, ба сатҳи баргузории чорабинӣ ва аҳамияти он дар тарбияи кӯдакон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки миёни ҷашнҳои миллии мо Рўзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш рў ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини давлатамон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абармарди раҳнамунсозаш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати муносибе пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлолияти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоид фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд