(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМарқади ёдгорӣ ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзеи «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори собиқ котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти шаҳр Рифъат Ҳоҷиев, ки худ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, соли 1969 ба ифтихори 24-умин солгарди Ғалабаи халқи шуравӣ аз болои Германияи фашистӣ гузошта шудааст.

Соли 1966 ман донишҷўи курси якуми факултаи таъриху филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров будам,-мегўяд, собиқадори матбуоти тоҷик Файзулло Атохоҷаев,- мо донишҷўёнро зуд-зуд ба ҳашари сохтмони ин Кохи ёдгорӣ ҷалб мекарданд. Ташаббускори ин иқдоми хайр котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти шаҳр Рифъат Ҳоҷиев шахсан омада аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ хабар мегирифтанд. Ҳамзамон хуб дар ёд дорам, ки декани факултаамон Юсуфҷон Салимов (падари академик Носирҷон Салимов) маро ба идораи рўзномаи вилоятии русзабони «Ленинабадская правда» барои овардани матни русии байтҳои рўи тахтасанг фиристода буданд. Ман онҳоро гирифта ба шоир Неъмат Шариф (раиси вақти кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилоят) барои тарҷума бурдам. Он байтҳои тоҷикие, ки имрўз дар руи тахтасанги марқад хаккокӣ шудаанд, тарҷумаи шоир Неъмат Шарифи зиндаёд аст...

Аз рўи гуфти ҳамсўҳбатамон рўзи кушодшавии марқади ёдгорӣ ба иди калони ғолибони набарди хунин-Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфта, ба қавли дигар «замин кафида одам рўида» буд. Хусусан, хурсандии иштирокчиёни ҷанг ҳадду канор надошт. Чорабинии идонаро котиби якуми горком Рифъат Ҳоҷиев бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов ва иштирокчии Паради Ғалабаи соли 1945 дар шаҳри Маскав, дорандаи ҳарсе дараҷа ордени «Шарафи ҷангӣ» Абдусаттор Ҳоҷибоев ба сухан баромада аҳамияти Ғалабаро аз болои Германияи гитлерӣ баён карданд.

Инак, беш аз ним аср мешавад, ки ин Муҷассамаи ёдгорӣ сокинону меҳмонони шаҳрро аз фоҷиаи даҳшатангези қарни ХХ- Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас мешавад. Хотиррасон месозад, ки ба ҷанги хонумонсўзи солҳои 1941-1945 аз Суғди бостон 76 ҳазор ҷавонписарони далеру шуҷоъ ба ҳифзи Ватан рафта, 27 ҳазору 800 нафарашон ҷони худро дар роҳи озодии Ватани маҳбуб қурбон карданд. 48 ҳазору 200 нафар бошанд, бо сари баланд ва сари синаашон пур аз ордену медалҳо ба зодгоҳашон баргаштанд. Фиристодагони вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Хуҷанд дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон доданд. Ин аст, ки 9 нафар родмардони суғдӣ бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфроз гардонида 5 нафари дигар ба гирифтани ҳарсе дараҷа ордени «Шарафи ҷангӣ» шарафёб шудаанд, ки Пулод Отаев ва Почобой Умаров зодагон ва парвардагони Хуҷанди бостон ҳастанд.

Аз он миқдор иштирокчиёни ҷанги имрўз ҳамагӣ 30 нафар дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанду халос,-мегўяд муовини раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Шавкат Алиев,- аксарияташон мадори роҳгардӣ надоранд. Ба фикрам аз ин 30 нафар 4 ё 5 нафарашон ба чорабинии идона омада метавонанду халос…

Боиси тазаккур аст, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст бо ибтикори раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода марқади ёдгорӣ аз таъмир капиталӣ бароварда мешавад. Корҳои таъмиру азнавсозӣ ба зиммаи сохтмончиёни ҶДММ «Авитсена» вогузор шудааст.

Тибқи дастури раиси шаҳр мо ба ин кор сохтмончиёни соҳибтаҷрибаро ҷалб кардем,-мегуяд роҳбари ширкати сохтмонӣ Парвиз Ҷўраев,-зеро аз сохтмони он беш аз ним аср сипарӣ шуда, ҳар қисмати марқад муносибати басо эҳтиёткоронаро талаб дорад.

Дар иншооти мазкур мо бо сардори сохтмон Бахтовар Баҳодуров ва прораб Хуршед Ғафуров вохурдем, ки ҷараёни сохтмонро роҳбарӣ мекарданду ҳамзамон назоратро аз болои сифати корҳои иҷромешуда сахт ба роҳ монда буданд.

Корҳои таъмиру тармим аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пардохт карда мешавад,-мегўяд сардори сохтмон Бахтовар Баҳодуров, -тибқи супориши раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода дар таъмиру тармим мо соф аз масолеҳи сохтмони маҳаллӣ истифода карда истодаем. Масалан, атрофи марқад пурра аз сангҳои мармари истеҳсоли маҳаллӣ мармарпўш мешавад. Ё ин ки сафолакҳои майдон низ истеҳсоли корхонаҳои масолеҳи сохтмони худист. Даромадгоҳи асосӣ аз шоҳроҳи марказӣ сохта иловатан ду фаввора дар даромадгоҳ сохта шуд. Ҳамзамон фаввораҳои атрофи марқад аз нав барқарор ва ба таври замонавӣ азнавсозӣ шуд. Шабчароғҳои муосири атрофи майдон марқади ёдгориро шукўҳу шаҳомати тоза мебахашанд…

Сохтмончиёни чирадаст Нўъмон Муллобоев, Наиимҷон Шукуров, Акбар Муродов ва дигарон бошанд, ҷаҳду ҷадал доранд, на танҳо корҳо сифатнок, балки дар мўҳлати муқарраршуда анҷом ёбад. Охир то ҷашни солгарди Ғалаба рўзҳои башумор мондаанд.


М. Мақсудов