(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ аксияи умумишаҳрии “Бемории сил табобатшаванда аст” ва “Ҷаҳон бидуни сил” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил гузаронида шуд.

Иштирокчиёни аксияи умумишаҳрӣ эҷодиёти худро бо тасвири аксҳои гуногун ва навиштани иншоҳо ба намоиш гузоштанд. Тасвири расм ва навиштани иншо аз шартҳои асосии ин аксия буда, дар рафти он беш аз 300 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, директори Муассисаи давлатии Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд Умед Нуруллозода, намояндагони Раёсати тандурустии вилоят, маркази ҳимоя аз бемории сил, Ҳилоли Аҳмари ҶТ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки шумораи гирифторони ин намуди беморӣ дар вилоят ба таърихи 1 январи соли ҷорӣ 3 ҳазору 215 нафар нафарро ташкил медиҳад. Ва ҳадафи баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил арзёбӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни баргузории аксияи умумишаҳрӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 270 адад иншо дар мавзӯи “Пешгирӣ аз бемории сил”навишта шуда, 60 нафар хонандагон дар мавзўи “Бемории сил табобатшаванда аст“ расмҳо тасвир намуданд. Эҷодиёти иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳоргузорӣ карда шуда, беҳтаринҳо бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд