(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода роҳбарияти ширкати инноватсионии “Моҳир”-ро ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода нахуст аз таърихи бисёрҳазорсолаи шаҳри бостонии Хуҷанд иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки шаҳри Ҳуҷанд аз қадимтарин шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, таърихи наздик 3000 сола дорад. Хуҷанди кадим дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буд ва аз ҳамон давра ин руди пуроб ҳусни табии ин шаҳри офтобиро меафзояд. Хуҷандро бинобар зебогиаш «Тирози ҷаҳон», яъне «Арӯси ҷаҳон» низ ном мебаранд.

Шаҳрдор гуфт, ки Хуҷанд аз кадим шаҳри саноатӣ ва макони тоҷирон маҳсуб меёфт. Дар як маъхази бойгонӣ омадааст, ки то солҳои 30-уми асри ХХ дар Хуҷанд наздик 300 намуди ҳунарҳои дастӣ ҷой дошт. Шаҳри Хуҷанд барои санъати сарояндагӣ, навозандагӣ ва хунари театру кино садҳо устодони номдори соҳаро ҳадя намудааст.

Шаҳри имрўзаи Хуҷанд бо рушди саноат ва савдо маъруф гашта, ба маркази фарҳангу тиҷорат мубаддал гардидааст ва пайваста рушд намуда истодааст.

Меҳрубон Бурҳонов, директори генералии ширкати “Моҳир” нахуст барои пазироии самимии шаҳрдор изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки ширкати ватании технолологияи инноватсионӣ ва тиҷории “Моҳир” аз ширкатҳои пешрафтаи рў ба рушд буда, дар самти технологияи рақамӣ ба дастовардҳои назаррас комёб гардидааст. Ширкат хизматрасонии васеъро барои муштарин дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла роҳандозии технологияи рақамӣ дар истеҳсолоти ширкатҳои давлатӣ ва хусусиро пешниҳод менамояд. Дар таҷрибаи фаъолияти ширкат таъминоти барномавӣ ва рақамикунонии раванди истеҳсолот дар НБО “Роғун” амалӣ карда шудааст, ки натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Ширкат дорои технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, бо мутахасиссони баландихтисоси таҷриба ва дониши муосирдошта таъмин аст. Ҳадафи ширкат таъмини пешравӣ бо роҳандозии технологияи муосир дар фаъолият мебошад. Аллакай беш аз 20 ширкатҳои ватанӣ мизоҷони доимӣ гардидаанд.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин ширкатҳои ватании инноватсиониро дар раванди истеҳсолот ва хоҷагидорӣ талаби замон унвон намуда, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳавасманди роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст.

Шаҳрдор пешниҳод намуд, ки бо ҷалби васеъи доираи соҳибкорон барномаҳои инноватсионии ширкати “Моҳир” муаррифӣ карда шавад ва он ҳамчун заминаи эътимод барои ҳамкории минбаъда гузошта шавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд