(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади ошноӣ аз ҳолати ободонии кӯчаҳо, бахусус ҳолати истифодабарии иншооту биноҳои канори роҳи кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи «Навбаҳор» ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин мавзеъҳо пиёда боздид амал овард.

Фирдавс Шарифзодаро дар ин боздид роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии комуналӣ»-и шаҳр бо сохторҳояш, раиси кумитаи «Навбаҳор», роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд нахуст аз вазъи даромадгоҳи кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи «Навбаҳор» дидан намуда, аз ҳолати нигоҳдошт ва истифодабарии нуқтаҳои савдою биноҳои истиқоматии канори роҳ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини кӯча, раиси кумитаи маҳалла, соҳибмулкони мавзеъҳо ҷиҳати ободу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои махсус оид ба рангубори намои мағозаву идораҳо, башаклдарории дарахтон, батартибдарории гулдонҳо, кишти гулҳои мавсимӣ, барқарор намудани ҷуйборҳои фарсудашуда, бунёди девораҳои қадди роҳ, батартибдарории пайроҳа, сафолакпўшии он, бартараф намудани иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиргардида ва ғайраҳо дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъи насби овезаву навиштаҷоти рекламавии мағозаву нуқтаҳои хизматрасонӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ба танзимдарории он ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқнамоии он супоришҳо дод.

Фирдавс Шарифзода ба масъулини қитъаи ободонӣ ҷиҳати хуррамгардонии ду қадди роҳи кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиев бо шинонидани гулҳои ҳамешасабз дастурҳо дод.

Ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони иншооти номбурда дар муҳлати гузошташуда камбудиву эродҳои ошкоршуда бартараф гардида, ин гӯшаи шаҳрро дар қатори дигар кӯчаву маҳаллаҳо барои бошукуҳ ҷашн гирифтани идҳои миллӣ омода намоянд.

Дар анҷоми боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз мавзеъҳи номбурдаи шаҳр ба иҷрокунандагон ва масъулин супориш дода шуд, ки то муҳлатҳои муйянгардида барои бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳою супоришҳои дар боло қайдшуда тадбирҳои мушаххас андешанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд