(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шахрвандон ва обод намудани як гўшаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 мавриди азнавсозӣ қарор гирифта истодааст.

Аз ҷониби беш аз 50 нафар сохтмончиён сафолакпўшии ҳудуди Муҷассама дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин сохтмончиён ҷиҳати чароғонкунии атрофи мавзеи номбурда заҳмат кашида истодаанд.

Бояд таъкид намуд, ки вобаста ба эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» солҳои 2019-2021 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд бояд симои нав ба бар намояд. Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро ба «Тирози ҷаҳон»-и воқеъӣ мубаддал хоҳад гардонд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд