(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи соҳаи маориф аз якчанд муассисаҳои таълимӣ боздид намуда, ҳамзамон аз ҷараёни бунёди муассисаи томактабии хусусӣ ошноӣ пайдо кард.

Фирдавс Шарифзода нахуст аз ҳолати ширхоргоҳ-кўдакистони №18-и шаҳри Хуҷанд шиносоӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1959 сохта шуда, масоҳаташ 0, 33 га. –ро ташкил медиҳад. Кўдакистон барои 285 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, дар он 14 нафар мураббиён кору фаъолият доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зарурати таҷдиду азнавсозии ширхоргоҳ-кўдакистони №18 ба миён гузошта, аз масъулини соҳаи сохтмон ва шаҳрсозӣ талаб намуд, ки дар зудтарин фурсат лоиҳаи онро манзур намоянд. Таъкид гардид, ки кўдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта шавад ва дар он беҳтарин шароити тарбияву ба камолрасонии кўдакон муҳайё гардад.

Зимни шиносоӣ дар МТМУ №28 иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 400 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мактаб соли 1939 сохта шуда, ниёз ба таъмиру азнавсозӣ дорад.

Шаҳрдор баъди азназаргузаронии ҳудуди муассисаи таълимӣ ба сохтмончиён супориш дод, ки дар ин мавзеъ барои сохтмони мактаби муосир намунаи лоиҳаҳои хешро пешниҳод намоянд.

Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кўчаи Ҷўра Зокири маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз»-и шаҳри Хуҷанд сохтмони кўдакистони муосир аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии навбунёд аз тарафи ҶДММ «Авитсена» сурат гирифта, корҳои асосӣ анҷом ёфтаанд. Кўдакистон аз 3 ошёна, таҳхона ва бинои иловагӣ иборат буда, баро 180 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдор ҷиҳати сабзу хуррамнамоии атрофи кўдакистон дастуру супоришҳо дод.

Зимни шиносоӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки маъмурияти муасиса иқдом гирифтаанд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави иловагӣ иборат аз 4 ошёна сохта ба истифода диҳанд.

Фирдавс Шарфизода ин амали бунёдкоронаи роҳбарияти муассисаро фоли нек арзёбӣ намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати баррасии пешниҳодоти манзургардида ва оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки дар қаламрави шаҳр иқдомоти созандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бомаром идома дорад ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати боз ҳам зебову пешрафта намудани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳем намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд