(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти ДССХ ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амалӣ гардид.

Дар озмуни мазкур 80 нафар донишҷӯёни ҳушманду навовар аз рӯи фанҳои Математика” (тахассусӣ), “Математика” (ғайритахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( (тахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( ғайритахассусӣ) аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат доштанд.

Барои бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун раёсати донишкада чораҷӯйиҳо намуд, ки роҳбарони тимҳои муассисаҳои таълимии кишвар, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон имкон доштанд ҷараёни баргузории озмунро дар реҷаи вақти реалӣ дар толори фарҳангии донишкада ва аз саҳифаи фейсбукӣ тамошо намоянд.

Ҷамъбасти озмун бевосита аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.

Боиси қайд аст, ки ҷаласаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” ғайричашмдошти иштирокчиён ва ғолибони озмун унсурҳои ғайриоддӣ дошт, ки ба ин чорабинӣ чеҳраи идона ато намуд ва комилан мақбули ҳамагон гашт.

Тибқи фармоиши ректори донишкада Убайдулло Асрорзода соҳибони дипломи дараҷаи 3 ба андозаи 1 000 сомонӣ, соҳибони дипломи дараҷаи 2 ба андозаи 2 000 сомонӣ ва 4 нафар соҳибони дипломи дараҷаи 1 ба андозаи 5 000 сомонӣ қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Эргашбоев Мирҷалол ва Ҷураев Қадриддин бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ дар ин озмун фаъолона ширкат варзиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд