(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр бахшида ба 110- солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ таҳти унвони “Мирзо Турсунзода-Қаҳрамони Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар маҳфил шеъру суруд, маълумотҳои тоза дар бораи зиндагиномаи Шоири халқии Тоҷикистон, шоири ваҳдатсаро Мирзо Турсунзода иттилоъ дода шуд. Аз ашъори шоири зиндаёд порчаву шеър ва достонҳо қироат карда шуд ва хотири ҳамагонро болида гардониданд.

Маҳфил бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, сокинони маҳалла, бонувони фаъоли ҳизбӣ, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз МТМУ №21, коллеҷи омӯзгорӣ ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд