(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақша-чорабиниҳои асоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Нахуст бо иштироки маъмурияти муасисаи таълимӣ, меҳмонон ва хонандагон ҷамъомади пагоҳирўзӣ бахшида ба «Рўзи мудофиаи гражданӣ» баргузор намуда, ҳадафи гузаронидани чорабиниро шарҳ доданд.

Таъкид шуд, ки мақсади чорабинӣ фаҳмонида додани тадбирҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст, мебошад. Ҳамзамон ба ин васила баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар вуҷуди хонандагон ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди рўҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи молиякияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рўҳию маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ мебошад.

Сипас дар якчанд синфхонаҳои гимназияи №1 дарсҳои намунавӣ ташкил карда шуд, ки меҳмонон дар он иштирок намуданд.

Бо баробари задани «Бонки хатар»-и эҳтимолӣ ҳолати эвакуатсионӣ, намоиши амали гуруҳҳои ғайринизомӣ ва шуъбаи ҳолтаҳои фавқулодда, хадамот тиббӣ, сўхторнишонӣ ба маҳорати баланд иҷро карда шуд.

Чорабинӣ ҷамъбаст гардида, фаъолон бо «Сипоснома» мукофотонида шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд