(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф” ва ҷиҳати амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 11 феврали соли 2021 таҳти №АП-44 даври донишкадавии (якуми) озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи 6 номинатсияҳо - математика, физика, химия, биология, технологияҳои информатсионӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гашт.

Озмун дар 3 давра - байни донишҷӯёни гуруҳ, факултет ва донишкада баргузор гашта, ҳамаи донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура фаро гирифта шуд. Дар озмуни даври факултетӣ зиёда аз 1050 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври донишкадавӣ 120 нафар аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда роҳхат гирифтанд.

Озмун тибқи талаботи низомнома ва барномаи озмун ва гузаронидани ҳамаи чораҳо доир ба таъмини шаффофият барпо карда шуд ва аз қисмҳои амалӣ, назариявӣ ва озмоишӣ иборат буд. Ташкили ва баргузории озмун бевосита бо дастгирии раёсати донишкада ва иштироки фаъоли шуъбаи илм ва инноватсия, садорати факултетҳо ва кафедраҳои математикаи олӣ ва информатика, физика ва химия, барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, маҳсулоти хӯрока ва агротехнология ҷароён гирифт.

Дар номинатсияи математика 20 нафар донишҷӯён ширкат варзида дониши хуби амалӣ ва назариявӣ ношон доданд. Аз тарафи ҳайати ҳакамон бо роҳбарии н.и.ф.м., мудири кафедраи математикаи олӣ Сардор Ғуломнабиев дониш ва маҳорати донишҷӯёни Эргашбоев Мирҷалол (2-430103тб), Қосимзода Дилноза (2-250107та), Раҳматов Мирзобахтиер (1-400101та) баҳои баланд дода шуда, сазовори ҷойҳои аввал эътироф карда шуданд.

Дар номинатсияи физика низ 20 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Ба ҳайати ҳакамон мудири кафедраи физика ва химия н.и.ф.м. Раҳимов С.Ш. роҳбарӣ карданд. Дар натиҷаи қувваозмоӣ ба дониши назариявӣ ва маҳорати амалию озмоишии донишҷӯён Икромов Манучеҳр (2-400101тб), Ҳасанов Махсудҷон (1-250107та), Хомидов Абдулаҳай (1-430103тб) баҳои баланд дода шуд. Дар ташкил ва рафти озмун омӯзгорони ҷавони фанни физика Бобоҷонов Хуршед, Мирзоев Дабир, н.и.ф.м.Ҷалилов Ф.Ҷ. ҳиссаи калон гузоштанд.

Озмун дар номинатсияи биология бо роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Муҳиддинов А.Р. баргузор гашта, дар он 19 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Саволҳои озмун қисмҳои зоология, ботаника ва анатомияро дар бар мегирифт. Аз тарафи ҳайати ҳакамон дониши чуқури назариявӣ ва амалии донишҷӯён Муволасенов Муяссар (3-740206тб), Саломзода Далер (4-440101тб) ва Миряхёева Азиза (3-740206тб) қайд карда шуда, сазорори ҷойҳои аввал дониста шуд. Дар ташкили озмун омӯзгорони кафедраи маҳсулоти хӯрока бо роҳбарии д.и.к., дотсент Рашидов Н.Ҷ. ҳисса гузоштанд.

Дар номинатсияи химия ҳамчун ғолибони озмун донишҷӯён Зоидова Меҳрангез (1-250104ра), Эрназаров Ҳусниддин (1-260301ра), Машарипова Ганҷина (1-490102тб) дониста шуданд. Натиҷаҳои озмун аз тарафи ҳакамони пуртаҷриба ба монанди н.и.х., дотсент Тошхӯҷаев Н.А., н.и.х.Усмонова У., н.и.х., дотсент Раҳимова А.Р. баҳогузорӣ карда шуд.

Озмун дар номинатсияи технологияи иттиоллотӣ низ дар сатҳи хеле баланд аз тарафи омӯзгорони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо роҳбарии н.и.ф.м. Худойбердиев Х.А. баргузор карда шуд. Донишҷӯён дониши назариявӣ ва маҳорати тартиб додани барномаҳои компютериро намоиш карданд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ аз тарафи ҳакамон донишҷӯён Исобоева Фараҳноз (1-400101та), Пирназаров Бегзод (3-400101ра), Бобоҷонов Шероз (2-400102тб) ғолибони озмун дониста шуданд.

Ҳамаи ғолибони давраи донишкадавии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаи директори донишкада ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида хоҳанд шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд