(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни гиромӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи мудҳиши Чернобил!

26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳиш ба вуқўъ пайваст. Бар асари он дар давлатҳои ҳамшафат ифлосшавии радиатсионӣ ба вуҷуд омада, аҳолии зиёд зарар дид. Садамаи радиатсионии Чернобил фалокати мудҳиштарини асри гузашта маҳсуб ёфта, таъсири манфии онро инсоният анқариб 35 сол ҷуброн менамояд.

Пас аз ин ҳодисаи мудҳиши таърихӣ кулли мардуми Иттиҳоди Шўравӣ ба по хест ва барои бартараф намудани он камари ҳиммат баст. Сокинони сарбаланду ватанхоҳи Хуҷанд дар ин ҳол дар канор намонданд ва беш аз 120 нафар ҷавонмарди соҳибдил бо ҳисси баланди ватандўстӣ барои анҷом додани ин амали башардўстона ба ҷойи ҳодиса рафт. Бартараф кардани вайронаҳое, ки ба ҷисми инсон зараровар аст, кори саҳлу сатҳӣ набуд. Вале, ҷавонмардони хуҷандӣ баробари сокинони ватани паҳнои шўравӣ собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дўстии халқҳо аз ҳама авлотар аст. Садама марҳала ба марҳала бартараф шуд, аммо иштирокчиёни ин амали инсонгароёна ба бемориҳои радиатсионӣ гирифтор шуданд, дуру дароз табобат гирифтанд ва баъзеи онҳо бо ҳаёт падруд гуфтанд. Номи неку хотираи онон дар дафтари таърихи Ватан бо хати зар навишта шуд ва абадан боқӣ монд.

Соли 2001 роҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки санаи 26-уми апрел ҳамчун «Рўзи байналмилалии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқи атомии Чернобил» қабул карда шавад.

Инак, бист сол аст, ки дар давлатҳои пасошўравӣ 26-уми апрел рўзи хотира ва гиромидошти бартарафкунандагони садамаи барқи атомӣ доир мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд ҷамъияти «Иттифоқи Чернобилчиён» амал мекунад ва ҳамасола дар ин рўзи таърихӣ аъзои ин ташкилот иштирокчиён ва наздикону пайвандони онон аёдат карда мешаванд ва бо меҳрубониву ғамхориҳои роҳбарияти шаҳру вилоят бархурдор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хизмати мардони далери Ватанро ҳаргиз сарфи назар намекунад, шуҷоату ҷасорати ононро ба насли наврас ҳамчун намунаи олии ватандорӣ таъкид месозад. Ватан фарзандони содиқи хешро ҳаргиз фаромўш намекунад ва дар зинда мондани номи онҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Ҳамеша саломат бошед, бартарафсозони ҳодисаи мудҳиши Чернобил!


Фирдавс Шарифзода
Раиси шаҳри Хуҷанд