(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБайни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанди вилояти Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Бо баимзорасии ҳуҷҷат ба ҳамкории миёни ду шаҳри таърихии вилоятҳои Суғд ва Фарғона асос гузошта шуд.

Меморандуми ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар Кохи "Ӯрда"-и шаҳри Қӯқанд аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов ба имзо расид.

Ҳамакнун шаҳрҳои таърихии Хуҷанд ва Қӯқанд тибқи санади имзошуда ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва илму маорифро тақвият хоҳанд бахшид.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати расмии вилояти Суғд таҳти раҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми минтақавӣ ба вилояти Фарғона сафар карда, дар доираи сафар миёни ду вилоят як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд