(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва баҳри хуррамнамоии муҳити атроф дар соҳили дарёи Сири хиёбони Раҳмон Набиев аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Зиёда аз 300 нафар иштирокдорони аксия, ки устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии шаҳр буданд, бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуда, ба ҳусни дарёи Сир ҷилои нав бахшиданд.

Зимни аксия аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд.

Таъкид шуд, ки ин тадбир дар доираи татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 20018-2028», сурат гирифта истодааст.

Зикр гардид, ки ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ба кори доимии шаҳрвандон мубаддал гардад. Роҳ надодан ба ҷойгир намудани партов дар соҳили дарёву ҳамеша тоза нигоҳ доштани он ба рисолати доимӣ мубаддал гардад. Зеро ин воситаи муҳими тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд аст. Мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем, барои дигарон намунаи ибрат бошем.

Қайд гардид, ки минбаъд низ мунтазам дар доираи Аксияи «Тозагии роҳ» ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баҳри тозаву озода намудани муҳити атроф гузаронида мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд