(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва намояндагони 18 шаҳру навоҳии вилоят Фестивал-озмуни вилоятии “Сад ранги чакан” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки маҳсули эҷоди ҳунарманди чирадаст аз шаҳри Хуҷанд Матлуба Ниёзова дар бахши “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона” мақоми аввалро соҳиб гардида, бо туҳфаи хотиравӣ ва дипломи Фестивал-озмун қадршиносӣ гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин ҷодаи тарғиби ҳунарҳои мардумӣ Матлуба Ниёзоваро фарзандаш- Фазилатхони 6 сола аз соли 2018 то инҷониб ҳамроҳӣ менамояд ва дар бахши кўдакона либосҳои модараш омодкардаро муаррифӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд