(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланд бо ширкати ҳайати бонуфузи ҳакамон иборат аз Усмонҷон Ахмедов, муовини директор оид ба илм ва инноватсия муовинони декан оид ба тарбия, устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, кормандони китобхонаи донишкада доир гардид.

Дилбар Ҷӯраева, мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ зимни баромади худ аз ташаббусҳои маънавиасос ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр дошт, ки китоб ҳамеша мӯнис ва раҳнамои мо дар ҷомеа аст. Мавсуф зикр намуд, ки дар донишкада озмуни “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст” минбаъд ба ҳукми анъана даромада, беҳтаринҳо аз ҷониби Раёсати донишкада бо тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Сипас донишҷӯён бо навбат аз рӯйи номинатсияи интихобкардаашон асарҳои хондаашонро шарҳ доданд. Ба ҳар донишҷӯ барои қобилияти нақл, тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар ва санъати суханварӣ ва таассурот баҳогузорӣ карда шуд.

Дар ин давра зиёда аз 82 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз байни онҳо ба даври савум 18 нафар донишҷӯ роҳ ёфтанд, ки онҳо маҳорати хешро бори дигар санҷида, сипас ба даври шаҳрии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат мегиранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд