(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирўз дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва ҳунармандони 18 шаҳру навоҳии вилоят Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 баргузор гардид.

Боиси шарафмандист, ки ҳунарманди моҳир аз шаҳри Хуҷанд Мастура Ахмедова дар бахши “Беҳтарин ҳунари мардумии дўзандагӣ” мақоми аввалро соҳиб гардида, бо маблағи 3000 сомонӣ ва дипломи Фестивал қадршиносӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави мамлакат дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хосатан дар самти рушду сайқал додани намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, ҳамзамон эҳё намудани баъзе аз намудҳои аз байн рафта аз ҷониби ҳунармандон ва масъулин корҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд