(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти ин унвон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20- и шаҳри Хуҷанд, дар асоси нақшаи кории шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Дар ин машварат муовинони директор оид ба синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ ва мушовири шуьбаи маорифи шаҳр ширкат доштанд.

Таъкид гардид, ки омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад, вай барои он, ки оламро равшан созад, худ якумр месӯзад.

Таълими ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии омӯзиш ва парвариш мебошад. Вай ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозад. Хонандагон дар ин зина хондан, навиштан ва ҳисоб карданро меомӯзанд, бо ҳодисаҳои табиат каму беш шинос мешаванд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо кӯдакони ҳафт – даҳсола сару кор дорад. Аз ин хотир, вай бояд ҳамчун тарбиятгар, мушфиқу меҳрубон, серҳаракат, чеҳракушоду ҳозирҷавоб бошад. Бо рафтор, хулқу атвори нек, чун оҳанрабо кӯдаконро ба сӯйи худ кашида ояндаи неки онҳоро чун офтоби оламоро мунаввар созанд.

Сипас бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи давлатии такмили таьлим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии мазкур аз фанни забони англисй дар синфи 4 ва аз фанни забони русӣ дар синфи 3 бо роҳбарии омӯзгорони ҷавон Зокирова Ш. ва Камолова М. дарсҳои намунавӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин баҳри амалинамоии дурнамои “20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифи мамлакат” дар синфи 2 аз фанни математика ва дар синфи 3 аз фанни табиатшиносй дарси кушод ташкил гардид.

Боиси қайд аст,ки ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар синфи 4 соати тарбиявӣ дар мавзӯи "Модар сарчашмаи ҳаёт" ташкил карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд