(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар макотиби шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» силсилаи тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Зеро зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун замина барои омӯхтани илму фарҳанги кишварҳои дигар, дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва ба ҳайси воситаи муоширати байни миллатҳо бояд ба эътибор гирифта шавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд дарси кушоди намунавии шаҳрӣ аз фанни забони англисӣ барои хонандагони синфи 5 аз ҷониби омўзгори ҷавону умедбахш Насиба Самадова гузаронида шуд.

Мавзъуи дарс “Боғи Устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ дар Душанбе” буд ва он хеле шавқовар бо усули интерактивии таълим бо истифода аз технологияи муосир гузаронида шуд.

Хонандагон бо шавқу завқ дарсро аз бар намуданд. Таъкид гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии ҷаҳон боз ҳам беҳтар огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон дар муаррифии комёбиҳои кишвар дар олам нақши муҳим гузошта, миллати худро ба ҳайси як кишвари соҳибтамаддун тарғиб бикунанд.

Дарс аз ҷониби намояндаи шуъбаи маориф, маъмурияти мактаб ва омўзгорони фанни забони англисии муассисаҳои таълимии шаҳр мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки арҷгузории чунин машғулиятҳои кушоди таълимӣ баҳри татбиқи самараноки қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ки ҷиҳати боз ҳам рушд додани забонҳои хориҷӣ дар кишвар заминаи хубе фароҳам овардааст, муосидат хоҳад намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд