(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар довталабон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинаҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” бо ҳам дар рақобат шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан» бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ намоиши ҳунари чакандӯзони чирадаст – ҳунармандони шаҳри Хуҷанд пешкаши иштирокдорони ин маросими фарҳангӣ гардонида шуд. Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили либосу лавозимоти рӯзгор-курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, ки бо нақшҳои гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Маҳорати дастони чакандӯзҳо таҷассуми зиндагӣ ва ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонпарварона ва миллии тоҷикон буда, аз фарҳанги бои мардумамон шаҳодат медиҳад.

Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар кишвар ҷашнвораҳои бошукӯҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ мегарданд. Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандўзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандўстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.

Ҳайати ҳакамот баъди азназаргузаронӣ ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, дар номинаи “Намоиши либоси кўдакона” Азизахон Обидӣ, Нигина Бобоҷонова ва Асия Ҷӯраева ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Дар номинаи “Намоиши либоси рўзмарра” Ҳомида Мирзоқодирова хонандаи МТУ№27 ҷойи аввал, Фирўза Ахмедова донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мақоми дуюм ва Азиза Муҳиддинова донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинаи “Намоиши либоси маросимӣ ва идона” Меҳрангез Исмоилзода донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Моҳиҷон Тоҷибоева хонандаи МТУ №16 ва Мавлуда Тоирова омӯзгори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мақомҳои ифтихориро гирифтанд.

Дар номинаи “Намоиши либосҳои расмӣ” Фотима Саидова донишҷўи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷойи аввал, Сайёра Шарофиддинова омўзгори ДДХ зинаи дуюм ва Дурдона Мамадрасулова муҳассили коллеҷи тиббӣ мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дар номинаи “Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ” ҳунармандон Муҳтарам Ҳомидова, Ҳурматой Мамадҷонова ва Мафтуна Пулотова мутаносибан ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Ба ғолибон дипломи озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд