(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёд корхонаҳои нави саноатии шаҳр боздид ба амал оварданд.

Нахуст дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо фаъолияти ташкилии корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Доро инвест” ошноӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати гуногунсоҳаи “Доро инвест” корхонаи коркарди мева ба тариқи хушккунӣ ба роҳ монда мешавад. Интизор меравад, баъди воридоти таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар корҳои васлкунӣ оғоз мегардад.

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз фаъолияти бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» шиносоӣ пайдо карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав - «Азияполитекс» барои истеҳсоли халтаҳои гуногун пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1, 6 бунёд гардида, маблағи сармоявии ширкат 2 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила ба 10 миллион доллари ИМА расонида мешавад, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд. Дар ин замина дар минтақаи озоди иқттисодии “Суғд” заминаҳои васеъи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд