(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАКХ “Имон Интернешнал” бахшида ба истиқболи сазвори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 - солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир намуд, ки дар он 9 даста иштирок карданд.

Дар мусобиқа дастаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои ташкилкунандагони мусобиқа сарфароз шуданд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тағрибу ташвиқи бозии варзишии баскетбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ байни бонувон баргузор шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд