(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ва тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №27 рўзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар саҳни муассиса аз ҷониби хонандагон дастовардҳои муҳассилини муваффақ ба маърази тамошо гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии №27 аз авалинҳо шуда, нақшаи иҷрои кабинетҳои фанниро иҷро намуд, ки имрўз дар ин ҷо кабинетҳои физика, химия, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ ва ғайраҳо муҷаҳҳаз буда, хонандагон бо шароитҳои зарурии таълиму тадрис таъминанд. Ин буд, ки ҳамасола дастпарварони муассиса дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро касб намуда, дар озмунҳои мухталиф ғолибият ба даст меоранд.

Тарғиби касбу ҳунар ва омўзиши он низ дар муассиса ба тариқи густурда ба роҳ монда шудааст.

Дар чорабинии Рўзи дарҳои кушод намояндагон аз шуъбаи маориф, ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, кумитаи маҳалла ва маъмурияти муассиса иштирок намуда, таъкид намуданд, ки аз солҳои 2000-ум инҷониб Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намуд. Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Қабули “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 — 2008” қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Чунин тадбирҳои барҷастаи сиёсӣ ва маърифатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири таъмини имрӯзу фардои дурахшони наслҳо равона шудааст, бояд дар баробари ифтихори бузурги кормандони соҳа будан ҳидоятгари ҳар як муаллими бошарафи имрўз дар самти эҷоди корномаҳои созандаи фикриву ақлонӣ, иҷрои бошарафонаи касби омӯзгории хеш, тарбияи насли созандаву ободкор, мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таҳсилот барои ояндаи Тоҷикистони озоду обод бошад. Ба таъбири Пешвои миллат, имрӯз мебояд инсонҳоеро тарбия намоем, ки дар ин марҳилаи нави таърихӣ ҳамеша дар фикри ҳифзи ду гавҳари ноёб-истиқлол ва озодии миллати тоҷик бошанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд