(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи наврасону ҷавонони донишманд, дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни бунёди ин муассисаи шакли нави таълимӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад. Алҳол дар сохтмони мазкур наздик 70 нафар сохтмончиён бомаром фаъолият доранд. Интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии чумҳурии азизамон Тоҷикистон дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шавад. Ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса мароқ зоҳир гардад. Хатмкунандагони ин муасссаи таълимӣ дар оянда ба муассисаҳои олии Аврупо дохил шуда, ба Ватану миллати хеш хизмати содиқона намоянд.

Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд.

Хушбахтона бо дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар мамлакат намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршуда таъсис гардида, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё омода шуда истодаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд