(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинони Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Зариф Назирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафар Давлатзода ва як қатор масъулини шаҳру вилоят бо мақсади огоҳӣ аз вазъи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» аз ин маркази бузурги савдои вилоят боздид намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фурӯши маҳсулоти гуногун, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба нархи он намуда, аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон нархҳо танзим ва то ба қадри имкон поён оварда шавад. Роҳбари вилоят дастур дод, ки Ҷамъияти иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилоят ба ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд азм намоянд, ки аз нархи бозор арзон бошад. Ҳамзамон роҳбарияти бозор низ муваззаф гардид, ки чунин дӯконҳоро ташкил намоянд. Роҳбарияти вилоят ба роҳ мондани ҳамкориии судманд бо хоҷагиҳои молпарвариро муҳим арёзбӣ намуд ва додани имтиёзотро ба чунин фурӯшандагони маҳсулоти арзон дастур дод.

Таъкид шуд, ки фаровоннамоии маҳсулоти бозор дар моҳи шарифи Рамазон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадаф пеш аз ҳама дастрасии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ба ҳама табақаҳои ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон 20-30 фисад арзон карда шавад. Ин иқдоми тоҷирон ба баракати савдо ва хонадони онҳо оварда мераоснад.

Раиси вилояти Суғд аз растаи биринҷфурӯшон ва дигар маҳсулоти донагӣ боздид намуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки барои зиёд намудани кишти биринҷҳои навъи аълои бозоргир тадбирҳо андешанд.

Зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилоят дар самти таъмин амнияти озукаворӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани маҳсулот ва поён фаровардани нархи он саъй намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз вазъи нархи картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам низ ошно гардид.

Дар фароварди боздиди худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии «Панҷшанбе» ба тезонидани раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқоли 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бозор оинаи шаҳр аст ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз бозор боздид мекунанд ва он бояд ҳамеша тозаву ороста ва ободу зебо бошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд