(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба тақсимоти хонаҳои истиқоматӣ ба 33 нафар соҳибмулкони манзили истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев баргузор гардида, бо иштироки соҳибони ҳавлиҳо маъракаи қуръакашӣ низ ба тариқи шаффоф сурат гирифт.

33 нафар соҳибмулкони манзили истиқоматӣ аз рўйи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тариқи ошкоро ва шаффоф дар маъракаи қуръакашӣ иштирок намуда, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ аз бинои навбунёди 9 ошёнаи хуштарҳу замонавии микроноҳияи 18-ум гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар қуръакашӣ 4 адад қуттӣ истифода шуда, дар рўйи ҳар якеи он шумора ва масоҳати ҳуҷраҳо қайд карда шуда буданд ва ҳар як шаҳрвандон ҳуқуқи гирифтани 1 қуръаро ба 1 хонаи истиқоматӣ дошта, такроран гирифтани қуръа ба як масоҳат манъ карда шуд.

Шаҳрвандон бо амри дил ва шодиву нишот қуръаҳоро аз қуттиҳо гирифта, соҳиби манзили истиқоматӣ аз ошёнаҳои гуногуни бинои баландошёни зикршуда гардиданд ва ризояти хешро аз интихобашон изҳор доштанд.

Сипас, бо иштироки аъзои комиссия, ки бо Амри Раиси шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буд, дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи Мевағул тақсимоти калиди хонаҳо бо соҳиби манзили интихобгардида сурат гирифт.

Шаҳрвандони хуштолеъ аз соҳиб шудан ба хонаҳои истиқоматӣ хушҳол гардида, шодиву нишот ва шукргузориву миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат, талошҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати «Ҳусноро1» ҳанӯз соли 2019 дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда буд.

Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Ҳуҷраи биноҳои истиқоматӣ пурра таъмир гардида, барои зиндагӣ мувофиқ карда шудааст. Дар атрофи бино инфрасохтори истироҳату тафреҳи барои кўдакон, ҷавонон ва пиронсолон муҳайё карда шуда, роҳҳои даромади асосии бинои мумфарш ва дигар корҳои ободонӣ анҷом дода шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд