(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд байни мактабиёни макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ» баргузор гардид.

Дар озмун беш аз 70 нафар ғолибони даври мактабӣ аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, бо ҳам рақобат намуданд.

Таъкид гардид, ки озмуни «Турсунзодахонӣ» ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба хотири ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандўстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ баргузор мегардад.

Тибқи талаботи Низомномаи озмун он аз рўйи ду номина: то 13 сола ва аз 13 сола то 18 сола сурат гирифта, ба ифоданок ҳифз намудани ғазал аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода ва маънидод намудани луғатҳои душворфаҳми ашъори шоир баҳо дода мешавад. Барои хонандагони то 13 сола ҳифзи 50 ғазал ва аз 13 сола боло 100 ғазал муайян гардидааст.

Аъзои ҳакамон дониши довталабони даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ»-ро санҷида, ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, дар номинаи то 13 сола хонандаи МТМУ №21 Азизҷон Дўсталиев мақоми аввалро ба даст оварда, ҷойҳои дуюмро Бибимайрам Шарипова (МТМУ №2) ва Мавлуда Комилҷонова (МТМУ №15) соҳиб гардиданд. Ба мақомҳои сеюм Фархунда Ёдгорӣ (Мактаб барои хонандагони болаёқат) ва Омина Давлатзода (МТМУ №8) соҳиб гардиданд.

Гулдаста Дўсталиева муҳассили МТМУ №21 дар номинаи аз 13 сола боло ҷойи аввалро ишғол намуд. Муқаддас Собирова (МТМУ №12), София Обидова (МТМУ №3) мақоми дуюм, Мадина Мирзошехова (МТМУ №25) ва Муслима Ҷабборова (литсейи физикӣ-математикии №1) ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд. Ба ғолибон дипломҳои озмуни «Турсунзодахонӣ» тақдим карда шуд.

Ғолибони мақомҳои аввал ба даври вилоятии озмуни «Турсунзодахонӣ» роҳхат гирифтанд ва маҳорати хешро дар сатҳи дигари озмун месанҷанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд