(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз дар МТМУ 3-и шаҳр тибқи нақшаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дарси кушоди намунавӣ барои синфи 1 баргузор гардид.

Дарси кушоди намунавӣ аз фанни забони модарӣ бо роҳбарии мутахассиси ҷавону умедбахш Моҳира Усмонова бо усули муосири методӣ сурат гиифта, дар ҷараёни таълим аз техникаву таҷҳизот ва аёнияти мавҷуда фаровон истифода бурда шуд. Хонандагон бо шавқу завқ ва ҳавас дар марҳилаи калимасозии зинагӣ мавзуъро азбар намуданд.

Омӯзор бо маҳорати баланд, донишҳои мусаллаҳ ва меҳрубонона ба шогирдона муносибат намуда, дарсро дар сатҳи баланд ташкил намуд.

Баъди анҷоми дарс бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва маъмурияти муассиса машғулияти баргузоргардида, таҳлил ва баррасӣ карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020-2040 дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Хуҷанд як қатор тадбирҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҳисоботҳои эҷодӣ, конфренсияҳо ва дарсҳои намунавӣ барои боз ҳам баланд кардани шавқу рағбат, чуқур омӯхтани фанҳои дақиқ ташкил гардида истодааст, ки ҳадаф пеш аз ҳама тавсеаи донишу тафаккури техникӣ, дарёфти истеъдодҳо ва рушд додани қобилияти эҷодию зеҳнӣ хонандагон мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд