(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои омӯзиш дар курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» озмун сурат гирифт, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд.

Минбаъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ба хатмкунандагони курси семоҳа Шаҳодатнома супорад ва дар захираи кадрии мақомоти маҳаллӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд